ТАГНОВЕ, КИ ҲУКУМАТИ ШӮРО БАРҲАМ ДОДА БУД, ЭҲЁ ШУД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ноҳияи як вақтҳо овозадори сарҳадӣ — ноҳияи Даштиҷумро бо қарори Ҳукумати Шӯро барҳам дода, сокинонашро ба ноҳияҳои навободи Чубеку Фархор муҳоҷир карда буданд. Бо ташаббуси Нуриддин Маҳмудов соли 1988 дар мавзеи Тагнов як хоҷагии калон таъсис ёфт. Роҳбари ботаҷриба ҳамагӣ дар давоми 2 сол хоҷагиро мустаҳкам ва фоидаовар гардонид. Дар ин муддат дар майдони бештар аз 400 га боғи анор ва дар майдони 120 гектар боғҳои нави себу олу, зардолую бодом ва чормағз бунёд карда шуданд. Даҳ деҳаи навбунёди ин мавзеъ соҳиби мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, барқ ва оби ошомиданӣ гардиданд. Мавзеи Тагнов аз нав бунёд шуд ва дар он садҳо бунёдгарони нав ба воя расиданд ва имрӯз зодгоҳашонро ба як гӯшаи биҳиштосо табдил додаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






