ТАЪЛИМГОҲҲОРО ПАДАРУ МОДАРОН БО СӮЗИШВОРӢ ТАЪМИН МЕКУНАНД?
Ҷиргатол, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол барои сари вақт таъмин намудани муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо сӯзишворӣ тадбирҳои судманд анҷом дод. — То 15-уми ноябри соли равон ба 56 таълимгоҳи ноҳия ба миқдори 210 тонна ангишт дастрас карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2,5 тонна зиёд мебошад,- гуфт мудири Шӯъбаи маориф Аъзам Аброров. Инчунин, таълимгоҳҳо аз тарафи Кумитаи падару модарон бо ҳезум ва дигар сӯзишвориҳои маҳаллӣ таъмин карда мешаванд. Ангишти захирашуда имконият медиҳад, ки 14 ҳазору 500 нафар хонанда фасли сармои соли 2008-2009-ро бе ягон мушкилӣ паси сар намоянд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






