ТАРКИШИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ДУ ЗАНИ ОСЕБДИДА
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 20-уми ноябр, соати 7-у 32 дақиқа дар шаҳри Душанбе, дар бинои Рӯдакӣ 931, ҳуҷраи 36, ошёнаи сеюм таркиши гази табиӣ ба вуқӯъ пайваст. Тавре ба АМИТ «Ховар» нозири назорати давлатии бехатарии сӯхтори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Исмоилов Хусрав иттилоъ дод, баъд аз 6 дақиқаи таркиш кормандони онҳо дар ҷои воқеа ҳозир шуда, сӯхтори баамаломадаро хомӯш намудаанд. Ду зан, ки осеб дида буданд, ба Маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхтаи шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Ӯ инчунин зикр намуд, ки дар натиҷаи таркиш ҳуҷраҳои 33 ва 39-и бинои номбурда камтар осеб дидаанд. Сабабҳои рух додани таркиш ва хисороти расида аз ҷониби сохторҳои масъул муайян карда мешавад. Тибқи иттилои сардори Шӯъбаи тандурустии шаҳри Душанбе Абумуслим Темуров, зарардидагон Валентина Гердейи 74-сола ва Марина Клейменоваи 49-сола мебошанд. «Ҳоло мо тамоми чораҳоро меандешем, то ин ду занро наҷот диҳем»,- мегӯяд ӯ.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






