ТАРЗИ РАФТОРИ БЕХАТАР БО ТАҶҲИЗОТИ ТИББИИ ЗАРАРОВАР
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ширкати наве дар соҳаи истифодаи партовҳои тиббӣ — «Тиббеко-сервис» муаррифӣ мегардад. Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур шинос кардани кормандони тиббӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо тарзи рафтори бехатар ҳангоми сарукор бо таҷҳизоти тиббии зараровар пас аз истифода аст. Дар машварат кормандони вазоратҳои тандурустӣ, адлия, Маркази мубориза бар зидди СПИД, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллию хориҷӣ иштирок хоҳанд кард. Тибқи нақшаи пешбинишуда, иштирокчиён бо фаъолияти лоиҳаи муштараки Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҶДММ «Тиббеко-сервис» — «Омӯзиш ва дастгирӣ» шинос хоҳанд шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






