ТАЪСИСИ НУҚТАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ БА ХОТИРИ БЕҲБУДӢ

Ноябрь 12, 2008 11:53

                 Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат диловарзод).- Дар Раёсати техника, инфраструктураи кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вазъи таъмини техника дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ сол то сол ташвишовар мегардад. Агар соли 2007 дар ҷумҳурӣ 3485 трактори шудгоркунанда ба ҳисоб гирифта шуда бошад, соли ҷорӣ шумораи он ба 3317 адад мерасад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 168 адад кам ва корношоям гардидааст.               Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади баромадан аз ин вазъи душвори техникӣ, дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои хизматрасонии техникиро таъсис дод, ки дар сурати нарасидани техникаи зарурӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) аз ин марказҳо истифода хоҳанд бурд.                Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз 3317 трактори шудгоркунанда 1886-тои он омодаи кор аст, ки ин ба 57 фоизи шумораи тракторҳои мавҷудбуда баробар аст.  

Ноябрь 12, 2008 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид