ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ МИНТАҚАВӢ МОҲИПАРВАРОНРО АЗ МУШКИЛОТ РАҲО МЕСОЗАД

Ноябрь 11, 2008 11:02

 Душанбе, 11 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дирӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» мулоқоти намояндагони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба баррасии масоили мавҷудаи соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо мақсади муҳокимаи имконоти таъсиси ташкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ дар соҳаи моҳипарварӣ гузаронида мешавад. «Таъсиси чунин ташкилот ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа мусоидат намуда, идора, тавсеа ва рушди соҳаро таъмин хоҳад кард»,- гуфт ӯ. Мулоқот аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Созмони ҷаҳонии ғизо ташкил гардида, то 12-уми ноябр идома хоҳад ёфт.

Ноябрь 11, 2008 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд