ТЕҲРОН РАИСОНИ ПОЙТАХТҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИРО ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори нахуст дар Теҳрон аз 19-ум то 21-уми ноябр Форуми шаҳрдорони пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ барпо мегардад. Ин нишаст бо ибтикори шаҳрдории Теҳрон созмон дода шуда, дар он беш аз 40 раиси пойтахтҳои давлатҳои осиёии ҷаҳон инчунин, намояндагони 30 кишвари нозир ва 17 мамлакати аврупоӣ ва Амрикои Лотин иштирок менамоянд. Ҳадафи ин ҳамоиш ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарист. Пойтахти Тоҷикистон-Душанберо дар ин нишаст муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва роҳбарони баъзе сохторҳои марбутаи Душанбе, аз ҷумла сардори раёсати ободонии шаҳри Душанбе Акбар Фаёзов ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт Дилшод Қурбонов шомиланд. Тавре масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ дод, дар Форум раисони пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ масъалаҳои марбут ба рушди пойтахтҳо, хусусан тақвияти ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва техникаро баррасӣ менамоянд. Дар анҷом иштирокдорони Форум қарордоди ҳамкориро байни пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ ба имзо мерасонанд. Ҳамчунин, А.Ороста афзуд, ки дар ифтитоҳи кори Форум Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ин кишвар доктор Алӣ Лориҷонӣ ширкат намуда, ба иштирокдорони ҳамоиш паём мефиристанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






