ТЕАТРИ МУСИҚӢ-МАЗҲАКАВИИ ШАҲРИ ХОРУҒ ТАҒЙИР ДОДА ШУД
Хоруғ. 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). — Дар шаҳри Хоруғ баробари бунёди даҳҳо иншооти азими замонавӣ таъмиру азнавсозии Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ идома дорад. Корҳои сохтмониро дар ин ҷо ширкати бинокории «Шарқ»-и шаҳри Душанбе ба ӯҳда гирифтааст. Барои таъмиру азнавсозии театр Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 миллиону 63 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. То имрӯз ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Музди меҳнати коргарон аз 500 то 700 сомонӣ аст. Тибқи нақша, то 10-уми майи соли 2009 бинои театр мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Тавре аз Пажӯҳишгоҳи «Бадахшонмеъморӣ» иттилоъ доданд, баъди таъмиру азнавсозӣ Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба яке аз зеботарин театрҳои ҷумҳуриявӣ табдил меёбад, зеро симояш аз саҳна сар карда, то даромадгоҳ тағйир дода шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






