ТОҶИКИСТОН –РОССИЯ: МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО ДАР БАХШИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКА

Ноябрь 26, 2008 14:22

        26 – уми ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкинро ба ҳузур пазируфт.        Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд.Аз мунтазамии робитаҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, хусусан аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-1 ва робитаҳои ҳарбӣ сиёсӣ — изҳори қаноатмандӣ карда шуд.      Мусоҳибон суръат бахшидани корҳоро дар сохтмони иншооти дигари гидроэнергетикӣ ва азхудкунии муштараки захираҳои нафту гази Тоҷикистон матлуб арзёбӣ намуданд.Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ аз мавзўъҳои муҳими сўҳбат буд.       Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯ сурат гирифт.      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 26, 2008 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа