ТОҶИКИСТОНУ ЧИН АЗ АНДОЗБАНДИИ ДУКАРАТА КАНОРАГИРӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-26-уми ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармояро тасдиқ карданд. Ин масъаларо аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод буҷет молия ва андоз Саймуддин Ризоев шарҳ дода гуфт, ки ҳадафи асосии Созишнома тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистону Чин аст. Созишнома барои аз байн бурдани баъзе монеаҳо ҷиҳати андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя мусоидат менамояд. Тибқи ин санад, –гуфт С. Ризоев,- агар ширкат ё корхонаи чиноӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ дошта бошад ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоя гузорад, андозро ҳатман дар Тоҷикистон пардохт менамояд. Мавсуф зикр кард, ки ҳаҷми сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон сол то сол меафзояд. Агар гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2007 –ум 252 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, дар 10 моҳи соли 2008 –ум он 1,6 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 603, 5 миллион долларро ташкил медиҳад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






