ТОҶИКИСТОНУ ЧИН АЗ АНДОЗБАНДИИ ДУКАРАТА КАНОРАГИРӢ МЕНАМОЯНД
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ гардид. Роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ Акрамшо Фелалиев ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи палатаи поёнии парлумон Шарофиддин Зоиров ибрози назар карда, афзалияти онҳоро шарҳ доданд. Аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Шӯро ҳамчунин масъалаи тасдиқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгири намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро баррасӣ карданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






