ТОҶИКОНУ ХОРИҶИЁН МУҚОБИЛИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН МУБОРИЗА МЕБАРАНД
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисии мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Рамазон Раҳимов маҷлиси навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон доир мегардад. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар кори ҷаласа аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки бо қарори маҷлиси Комиссияи байниидоравӣ аз 12-уми апрели соли 2008 (№7) таъин шудаанд, ширкат меварзанд. Инчунин, Вазорати корҳои хориҷӣ иштироки намояндагони Сафорати ИМА, Созмони амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони байналмилалии меҳнат, Шӯъбаи Тоҷикистонии Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ, Идораи СММ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, Созмони ғайриҳукуматии «Модар» ва Лигаи занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа таъмин менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






