УСУЛИ НАВИ АМАЛИЁТИ ҚОЧОҚЧИЁН
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Фирогатови 23 — соларо дар интиқоли маводи нашъадор гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мусофирони сайрхати Душанбе-Москва аз бағоҷи дастии Д. Фирогатов 3 бастаи селофанӣ мавиз ёфт шуд. Қочоқчӣ дар дохили ҳар як донаи мавиз лундачаҳои майдаи моддаи нашъадори героинро ҷой карда буд, ки вазни холиси он 796, 2 граммро ташкил медиҳад. Д. Фирогаров ба кормандони гумрук иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор маводро бар ивази қарзи пулӣ ба Федератсияи Россия интиқол диҳад. Нисбати Далер Фирогатов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонданд.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






