ВАЙРОНКУНАНДАГОНИ ҚОНУН ИҶОЗАТИ РАСМИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИРО ДОРАНД

Ноябрь 25, 2008 11:36

       Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар солҳои 1970 — 1980 таҳия шудааст. Барои тасҳеҳи нақшаи генералӣ фонди тоҷикистонии Оғохони IV дар якҷоягӣ бо Инситути лоиҳакашии «Гипрострой» корҳоро оғоз намуданд.       Муайян карда шуд, ки дар кӯчаи марказии шаҳр ҳангоми сохтани иншоот ба як қатор қонунвайронкунӣ роҳ додаанд. Аз ҷумла бинои Амонатбонк, сохтмони мағозаи 2-ошёна, нуқтаи гуфтугӯии «Вавилон» ва азнавсозии хонаҳои шаҳрвандон, ки иҷозати расмии мақомоти маҳаллиро доранд. Дар ҳолати тасҳеҳи нақшаи генералӣ, бояд иншоот ба он мувофиқ гарданд, ё аз байн бардошта шаванд.       Инчунин, маълум гардид, ки айни ҳол азнавсозӣ ва таъмири варзишгоҳ дар шаҳри Хоруғ қатъ карда шудааст. Сабаб ин аст, ки то ҳол масъалаи аз байн бурдани иншооти ошхонаи хусусӣ дар самти шарқию ғарбии шаҳр ҳалли худро наёфтааст.       Дар сохтмони Раёсати андози вилоят дар шаҳри Хоруғ низ хунукназарӣ ба мушоҳида мерасад. Сохтмони таҳкурсии иншооти мазкур дар асоси лоиҳа тасмагӣ пешбинӣ шудааст, вале дар асл бо истифодаи сангҳо идома дорад.

Ноябрь 25, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид