ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТУРКИЯ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Ноябрь 24, 2008 16:54

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Бобоҷон 26 — уми ноябр барои боздиди дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Вай зимни сафар бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.       А.Бобоҷон ҳамон рӯз бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Литсейи тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ва марказҳои омӯзиши забони туркӣ дар шаҳри Душанбе шинос хоҳад шуд.      Вазири корҳои хориҷии Туркия баъдан ҷараёни сохтмони меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенсӣ» — ро аз назар мегузаронад. Рӯзи дуюм вазири корҳои хориҷии Туркия ба шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, мақбараи шоир ва файласуфи тоҷик Ҷалолиддини Балхиро зиёрат хоҳад кард.

Ноябрь 24, 2008 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид