ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТУРКИЯ БА ТОҶИКИСТОН ОМАД
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайвар Назаров). — Имрӯз сафари кории дурӯзаи вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Вай зимни сафар бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод. Вазири корҳои хориҷии Туркия баъди анҷоми мулоқоташ бо Ҳ. Зарифӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Литсейи муштараки Тоҷикистону Туркия ба номи Ҳоҷӣ Камол ва марказҳои омӯзиши забони туркии «Томер» ва «VEFA Centr» боздид хоҳад кард. Меҳмон баъдан бо ҷараёни сохтмони меҳмонхонаи «Ҳаёт реженси» шинос мешавад. Ӯ рӯзи дуюми сафар ба шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, мақбараи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Румиро зиёрат мекунад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






