ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА НАҚШАИ ИДОРАКУНӢ САРХАТИ НАВ МЕДАРОРАД

Ноябрь 7, 2008 15:45

                                                                            Душанбе, 7 ноябр (АМИТ «Ховар, Лутфия Эшонқулова»). – Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  таъсис додани Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» Қарор қабул намуд.  Мутобиқи ин Қарор дар ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар заминаи мақбараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва иншооти он, ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷамоати деҳоти Панҷрӯд муассисаи мазкур таъсис дода мешавад.  Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки ба Феҳристи давлатии иншооти мероси таърихию фарҳангӣ тағйироти дахлдор ворид намояд ва ба Нақшаи идоракунии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, бо мазмуни «Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» сархати нав илова кунад.  

Ноябрь 7, 2008 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид