ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ СОЛИ ОЯНДА ТАҶРИБАИ СОЛИ 2008 – РО ИСТИФОДА БУРДАНИСТ

Ноябрь 21, 2008 10:54

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов ва сардорони раёсатҳои вазорат барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ доир намуданд.      Дар нишасти матбуотӣ муовини вазир Сиҷовиддин Исроилов аз амалӣ шудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода шудани ҳар як қитъаи замини аз кишти якум холишуда ва татбиқи пурарзиши сиёсати аграрии Ҳукумати ҷумҳурӣ сухан ронда, дар бораи ба даст овардани садҳо тонна маҳсулоти зироат ва полезии иловагӣ иттилоъ дод.      Муовини вазир ҳамчунин иброз намуд, ки дар соли 2009 аз таҷрибаи соли 2008 бештар истифода хоҳад шуд. Ҳоло чораҳои саривақтии бо техника ва сӯзишворӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ (фермерӣ) андешида мешаванд.

Ноябрь 21, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид