ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ СОЛИ ОЯНДА ТАҶРИБАИ СОЛИ 2008 – РО ИСТИФОДА БУРДАНИСТ
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов ва сардорони раёсатҳои вазорат барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ доир намуданд. Дар нишасти матбуотӣ муовини вазир Сиҷовиддин Исроилов аз амалӣ шудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода шудани ҳар як қитъаи замини аз кишти якум холишуда ва татбиқи пурарзиши сиёсати аграрии Ҳукумати ҷумҳурӣ сухан ронда, дар бораи ба даст овардани садҳо тонна маҳсулоти зироат ва полезии иловагӣ иттилоъ дод. Муовини вазир ҳамчунин иброз намуд, ки дар соли 2009 аз таҷрибаи соли 2008 бештар истифода хоҳад шуд. Ҳоло чораҳои саривақтии бо техника ва сӯзишворӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ (фермерӣ) андешида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






