ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТРО ИҶРО МЕКУНАД ?
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз маркази матбуот ва иттиллооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои мамлакат дар масоҳати 115 ҳазору 718 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Кишти такрорӣ дар ВМКБ 148 гектар, вилояти Суғд — 26 ҳазору 734 гектар, вилояти Хатлон — 70 ҳазору 20 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ҳазору 821 гектарро ташкил медиҳад. Аз 115 ҳазору 718 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 413 гектарашро ғалладона, аз ҷумла ҷуворимакка барои дон — 24 ҳазору 782 гектар, шолӣ — 5 ҳазору 748 гектар, дигар ғалладонаҳо — 10 ҳазору 810 гектар, картошка — 1284 гектар, сабзавот — 12 ҳазору 542 гектар, полезӣ — 1880,5 гектар, зироатҳои техникӣ — 1006 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво — 57 ҳазору 666 гектар ташкил медиҳад. Аз 7702 гектар майдони ҷамъоваришудаи кишти такрории зироатҳои ғалладонагӣ 14 ҳазору 757,7 тонна ҳосил гирифта шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар ба 19,2-сентнерӣ рост меояд. Аз майдони ҷамъоваришудаи зироатҳои ғалладонагӣ то имрӯз 64 ҳазору 848 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст. Барои таъмини чорво бо хӯроки сабз дар шаклҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 29 ҳазору 506 гектар ҷуворимакка барои силос кишт карда шудааст. Аз он 150 ҳазору 90 гектараш то имрӯз ҷамъоварӣ гардида, 141 ҳазору 97 тонна силос истеҳсол шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






