ЯГОН ЛИТР СӮЗИШВОРӢ БОҚӢ НАМОНДААСТ, ВАЛЕ КОР ҲАСТ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба миқдори 38 ҳазору 172 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 1284 тонна камтар аст. Дар ин муддат ба ноҳияҳои Роғуну Тавилдара ба миқдори 3 тоннагӣ, ноҳияи Варзоб-6, ноҳияи Ҷиргатол- 35, Тоҷикобод- 55 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид гардидааст. Бо ин миқдор сӯзишворӣ анҷом додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳӣ дар ин ноҳияҳо мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, айни замон дар ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва шаҳри Роғун аз сӯзишвории воридшуда ягон литр боқӣ намондааст. Пас, дар бораи иҷрои корҳои тирамоҳӣ чӣ гунна метавон ҳарф зад?








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






