1 ҲАЗОРУ 900 ШАҲРВАНДИ БЕКОР ЗИЁДА АЗ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗ ГИРИФТАНД
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати амалӣ намудани «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2008» қабулгардида як қатор корҳоро анҷом дод. Дар ин муддат Агентӣ 916 нафар шаҳрвандро тариқи квота ва 22 ҳазору 665 нафарро ба ҷойи кор таъмин намуд. Шумораи 20 ҳазору 346 нафар шаҳрванд ба корҳои ҷамиятӣ ҷалб гардида, ба 2920 нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шуд. Ҳамчунин, барои 94 ҳазору 228 нафар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Агентӣ ҳамчунин барои бо ҷойи кор таъмин намудани наврасон ва ҷавонон тавассути шартномаҳои тарафайн 19 ҳазору 411 нафарро ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда ба 1 ҳазору 900 нафар шаҳрванди бекоре, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ машғул шудан доштанд, 2 млн. 414 ҳазору 59 сомонӣ қарзи имтиёзнок додааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






