ҒАЛАБАИ 30 – ЮМИ «РЕГАР – ТАДАЗ»
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат қувваозмоиҳои навбатӣ гузаронида шуданд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа — дастаи «Регар – Тадаз» ин дафъа дар майдони худ бо дастаи «Равшан» — и шаҳри Қӯлоб қувва озмуда, онро бо ҳисоби калони 5:2 мағлуб намуд. Дастаи «Регар – Тадаз» дар мавсим 30 ғалаба ба даст овард. Аз Федератсияи футболи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дастаи «Динамо» — и шаҳри Душанбе зимни қувваозмоӣ бо дастаи «Энергетик» бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Дастаи «Регар – Тадаз» баъди 37 бозӣ 94 хол дошта, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз» бо 79 ва 78 хол барои ба даст овардани ҷойҳои дуюму сеюм қувваозмоӣ мекунанд. Ин дастаҳо имрӯзу пагоҳ дар майдонҳои худ бо дастаҳои «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» қувваозмоӣ хоҳанд кард.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






