ҒОРАТГАР 1500 СОМОНИИ СОКИНИ ПОЙТАХТРО БА ЯҒМО БУРД

Декабрь 12, 2008 10:48

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар». Анварбек Сиддиқов).- 11-уми декабри соли ҷорӣ истиқоматкунандаи кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони пойтахт Меҳринисо Бобоева ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шикоят кард, ки шахсони номаълум ба хонаи ӯ ворид шуда, ду велосипеди «Кама», ду ҷуфт пойафзол ва дигар ашёҳои рӯзгорро ба маблағи умумии 1500 сомонӣ ба яғмо бурдаанд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Сайвалӣ Раҳимзода (соли таваллудаш 1992), Ҳабибулло Шарипов (соли таваллудаш 1993) ва Ҷамшед Ҳасанзода (соли таваллудаш 1993) — ро дастгир карданд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Декабрь 12, 2008 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад