ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲОИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР МАСКАВ

Декабрь 23, 2008 14:28

           Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар шаҳри Маскав  190 — солагии  таъсиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои  Федератсияи Русия ботантана ҷашн гирифта шуд. Иштирокчиёни ҷамъомади  ба ин  муносибат баргузоргардида, дар бораи пешрафти илми  шарқшиносии  шӯравӣ ва саҳми бузурги  олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти  фаъоляти Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ сухан ронданд.          Директори  пажӯҳишгоҳ Ростислав Рибаков зикр кард, ки  190 — солагии  ин маркази  илми  шарқшиносии шӯравӣ ва Русия бо ифтихори бузург таҷлил карда мешавад. Илми шарқшиносии Русия дар давоми таърихи худ  проблемаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатҳои шарқро  мавриди омӯзиш  қарор додааст. Р.Рибаков баъдан дар бораи  саҳми калони олимон  дар пешрафти илми шарқшиносӣ сухан ронд. Вай ба хизматҳои калони  Бобоҷон Ғафуров дар ин соҳа баҳои баланд дод.          Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷамъомад барқияи шодбоши раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов низ қироат карда шуд.

Декабрь 23, 2008 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад