ҚАРЗИ АҲОЛӢ ВА КӮТАРАХАРОНИ ЧАКАНАФУРӮШИ «ТОҶИКГАЗ»
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» барои посух гирифтан ба пурсишҳои сокинони шаҳри Душанбе дар бораи сабабҳои зиёд шудани қимати газ ва сари вақт бо газ таъмин нашудани як қисми аҳолии шаҳр телефонӣ бо кормандони «Тоҷикгаз» дар тамос шуд. Шахсе, ки худро Нуриддинов муаррифӣ намуд, дар ҷавоб ба саволҳри хабарнигор иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳар як шабонарӯз то 1 млн. 400 ҳазор метри кубӣ гази бо қимати 145 доллари амрико интиқолшударо қабул карда, бо қимати 162 доллар ба корхонаҳо ва 198 доллар ба аҳолӣ мефурӯшад. Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки аҳолӣ аз «Тоҷикгаз» ба миқдори 96 миллион сомонӣ қарздор аст. Аз ин рӯ, «Тоҷикгаз» наметавонад то пардохти охирин дирами қарз аҳолиро бо газ таъмин намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






