ҚАРЗИ ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОРИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА 90 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МЕРАСАД
Хуҷанд, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Маъракаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд анҷом ёфт. Пахтакорони вилоят имсол аз масоҳати бештар аз 60 ҳазор гектар 89 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъ оварданд, ки 51,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Имсол дар вилоят аз ҳар гектар пахтазор 14,1 сентнер ҳосил гирифта шуд. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки хоҷагиҳои пахтакор то 1- уми январи соли 2008 аз сармоягузорон 90 миллион доллари ИМА қарздор шуданд. Қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз муассисаҳои андоз, истифодаи об ва қувваи барқ 83,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






