ҚОЧОҚЧИЁНИ НАШЪА АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР САНКТ- ПЕТЕРБУРГ ДАСТГИР ШУДАНД

Декабрь 24, 2008 12:11

         Маскав, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Кормандони раёсати назорати маводи нашъадори  Хадамоти федералии Русия дар вилояти Омск   ҳамроҳи касбонашон  аз вилояти Ленинград ва шаҳри Сант- Петербург дар Омск миқдори зиёди  моддаи нашъадори героини истеҳсоли Афғонистонро мусодира  карданд. Вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда 133 килограм мебошад. Аз Хадамоти  федералии назорати маводи нашъадори Русия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки   ба интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба минтақаҳои гуногуни Русия асосан шаҳрвандони  Тоҷикистон  машғул буданд.  Вале  амалиёти минбаъдаи  ошкор сохтани  роҳҳои интиқоли маводи нашъадор давом дода шуд. Маълум гардид, ки нашъаҷаллобон маводи нашъадорро ҳатто ба минтақаи шимолу ғарбии Русия интиқол додаанд. Яке аз  шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки ҳамзамон  табааи Русия мебошад, дар вақти  фурӯхтани миқдори муаяйни героин дастгир карда шуд. Кормандони милиса аз мошини ӯ 300 грам маводи нашъадор ёфтанд. Зимни кофтукови хонаи яке аз нашъаҷаллобон дар шаҳри Санкт- Петербург 127 килограм маводи нашъадор ёфт шуд. Аз рӯи  ташхиси коршиносон, героини мусодирашуда навъи олӣ мебошад.То имрӯз ду қочоқчии нашъа дастгир карда шуд. Шарикони онҳо ҷустуҷӯ карда мешаванд. Вобаста ба ин парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки умуман дар ҷараёни амалиёти мазкур 260 килограм  героини навъи олӣ мусодира карда шуд.

Декабрь 24, 2008 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид