ҚОЧОҚИ МОҲИИ БАДАХШОН БАРҲАМ МЕХӮРАД?

Декабрь 25, 2008 17:19

            Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди моҳипарварии «Вахон»-и шаҳри Хоруғ Шавкат Лаълбеков, ояндаи иқтисодиёти Бадахшон ба соҳаи моҳипарварӣ сахт марбут аст. Дар Бадахшон беш аз 70 кӯлу ҳавз вуҷуд дорад, ки дар он миқдори бешумори моҳӣ ба тарзи табиӣ парвариш меёбад. Дар соли 2008 бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи рушди моҳипарварии Вазорати кишоварзӣ барои соли 2009-2015 дар вилоят ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Суман» ва «Вахон» таъсис ёфт.          Бино ба гуфтаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, аз 1700 кӯлу ҳавзи ҷумҳурӣ 78 фоизи он дар ВМКБ мебошад. Дар давоми ду моҳи таъсиси ширкати «Вахон» ба андозаи 10,2 тонна моҳӣ сайд карда шуда, ба аҳолии вилоят пешкаш гардид. Лозим ба ёдоварист, ки дар Бадахшон то давраи таъсиси фирмаҳои нави соҳаи моҳипарварӣ даҳҳо тонна моҳӣ ба тарзи қочоқ сайд карда мешуд.

Декабрь 25, 2008 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд