ҲАҶМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛ ДАР БАЙНИ ҶТ ВА УКРАИНА ЧАНДИН БАРОБАР МЕАФЗОЯД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Украина имрӯз оғоз ёфт. Мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати берунӣ ва рушди иқтисодиёти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Вафо Ниятбеков мулоҳизаҳояшро дар бораи вусъати ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар баён карда, зикр намуд, ки сафари Сардори давлати Тоҷикистон ба Украина дурустии интихоби шарикон ва ҳамкорони хориҷро нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки рушди соҳаи гидроэнергетика дар шароити имрӯза барои Тоҷикистон аз нуқтаи назари стратегӣ муҳим аст. Тасодуфӣ нест, ки дар Киев зимни гуфтушуниди сарони ҳар ду давлат маҳз ҳамин масъала махсус таъкид карда хоҳад шуд. Тавре ки маълум аст, қисмати зиёди асбобу анҷом ва таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дар корхонаҳои Украина сохта, ба ҷумҳурӣ оварда мешаванд. Қайд кардан лозим аст, ки муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Украина таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳуқуқию қонунӣ дорад.Умед бастан мумкин аст, ки дар Киев масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории ояндаи Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҳар ду кишвар, аз ҷумла истихроҷи қувваи барқ, кишоварзӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳамчунин зикр кардан лозим аст, ки паймонҳои имрӯзаи сарони ҳар ду давлат асоси воқеӣ дошта, дар оянда самараи дилхоҳ хоҳанд дод. Вафо Ниятбеков зикр кард, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Украина сол то сол меафзояд. Маблағи он дар давоми 10 моҳи соли 2008 қариб ба 95 миллион доллари ИМА расид. Ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2007- ум қариб ду маротиба зиёд аст. Ҷараёни густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни онҳо солҳои наздиктарин бештар аз ду баробар меафзояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






