ҲАЙАТИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

Декабрь 22, 2008 09:14

              Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Бо даъвати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ин мамлакат барои боздиди корӣ ба Душанбе омад. Ҳадафи ташрифи меҳмонон шиносоӣ бо фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва муассисаҳои он мебошад. Ҳайати Афғонистон зимни сафар бо фаъолияти Маркази фарҳангии ҷавонони «Ориёно» шинос гардида, барои боздид ба шаҳри Турсунзода хоҳад рафт.             Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми сафар имзои Меморандуми ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешбинӣ карда мешавад.                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.

Декабрь 22, 2008 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад