ҲАМДАСТИИ ПОКИСТОН ДАР АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИИ МУМБАЙ РАД КАРДА МЕШАВАД
Исломобод, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ даъвоҳои маъмурияти Ҳиндустонро дар бораи ҳамдастии Покистон ба амалиёти террористии дар шаҳри Мумбай анҷомдодашуда рад намуд. Вай таъкид кард, ки Покистон ба ҳеҷ ваҷҳ масъулияти ин амалиётро ба зиммаи худ намегирад. Алии Зардорӣ изҳороти мақомоти махсуси Ҳиндустонро дар бораи шаҳрванди Покистон будани яке аз террористони дастгиршуда бо номи Аъзам Амири Қассоб зери шубҳа қарор дод. Вай зикр намуд, ки Покистон тайёр аст дар тафтиши ин амалиёт бо Ҳиндустон ҳамкорӣ кунад. Роҳбарони Ҳиндустон борҳо изҳор намуданд, ки ташкилкунандагони амалиёти террористӣ қувваҳои муайяни сиёсии Покистон мебошанд. Ба қавли мақомоти дахлдори Покистон, амалиёти мазкурро ҷангиёни созмони террористии исломии «Лашкари Тоиба» анҷом додаанд. Бояд гуфт, ки фаъолияти созмони мазкур дар худи Покистон манъ карда шудааст. Президенти Покистон таъкид кард, ки агар ҳақиқати даъвоҳои роҳбарони Ҳиндустон исбот шавад, Покистон тайёр аст гунаҳкорони содир гардидани ин амалиётро ёфта, онҳоро ҷазо диҳад. Вақти он расидааст, ки мо проблемаҳои мавҷударо якҷоя ҳал кунем, гуфт Президенти Покистон.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






