ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТҲОИ СОХТМОНИИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Истиқлолияти Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон бо ширкатҳои сохтмонии давлатҳои хориҷ такони нав бахшид. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Туркия, Эрон, Чин дар Тоҷикистон даҳҳо иншооту сохтмонҳо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масалан дар замони истиқлолият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Туркия дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхона, ва биноҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Дар назар аст, ки дар оянда бо ҳамкории мутахассисони Туркия дар Душанбе корхонаи нассоҷӣ бунёд карда мешавад. Чунин мисолҳоро ҳам дар симои мутахассисони Чину Эрон овардан боиси қаноатмандист. Бародарони Эронӣ дар сохтмони иншооти энергетикӣ ва кофтани нақбҳо бештар рағбат доранд ва дар ин ҷода корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаи С. Айнӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи Рӯдакӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Эрон давом дорад. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сохтмони пружаҳои боз ҳам калонтари ҷумҳурӣ ширкат варзиданро ихтиёр кардааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






