ҲИФЗИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ САНОАТӢ ДАР ҶТ МУҲОКИМА ГАРДИД

Декабрь 12, 2008 15:44

          Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» семинари машваратӣ баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои ҳолати қонунгузорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар кишвар, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дар бозорҳои истеҳсоливу истеъмолӣ ва масъалаи сатҳи андешидани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Гуфта шуд, ки вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар солҳои оянда бояд чораҳои дахлдор андешенд, то Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиашро дар бахши моликияти зеҳнӣ боз ҳам такмил диҳад, қонунвайронкуниро сари вақт дар ин бахш пешгирӣ намояд, ҳифзи қонунҳои шахсонӣ воқеиву ҳуқуқӣ ва давлатиро таъмин карда тавонад. Дар семинари мазкур намояндагон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Палатаи савдою саноат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, фикру ақидаҳои хешро оид ба ин масъала пешниҳод намуданд.

Декабрь 12, 2008 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид