ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ ДАР НАЗДИ ОЛИМОН ВАЗИФА ГУЗОШТ

Декабрь 29, 2008 12:40

             Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон профессор Ҳукматулло Аҳмадов, картошкапарварӣ соҳаи муҳими кишоварзӣ буда, рушди минбаъдаи он ба ташкили дурусти илман асосноки тухмипарварӣ вобаста аст. Солҳои зиёд картошкапарварӣ дар ҷумҳурии мо аз ҳисоби тухмии мамлакатҳои дигар ба роҳ монда мешуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди олимони соҳа вазифа гузоштааст, ки ҳарчи зиёдтар навъҳои нави картошкаи маҳаллӣ ба вуҷуд оварда, дар ноҳияҳои иқлимашон барои парвариши ин зироат мувофиқ тухмипарвариро ба роҳ монанд. Ҳоло дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ парвариши навъҳои картошкаи «Лорх», «Невский», «Кардинал», «Космос», «Пикасо», «Кондор», «Зарина» ва «Жуковский» тавсия карда шудаанд.  Ин навъи картошкаҳоро барои кишти такрорӣ ҳам истифода бурдан мумкин аст.                 

Декабрь 29, 2008 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад