ҲУКУМАТИ РУСИЯ БА КОРХОНАҲО КӮМАКИ МОЛИЯВӢ МЕРАСОНАД

Декабрь 26, 2008 15:51

Маскав, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Интерфакс).- Ҳукумати Русия  рӯйхати корхонаҳоеро интишор дод, ки  ба онҳо дар сатҳи федералӣ кӯмаки давлатӣ расонида мешавад. Ба рӯйхат 295 корхонаю ширкат аз соҳаҳои гуногуни саноат,  нақлиёт, энергетика, нафту газ, истихроҷи ангишт, алоқа, воситаҳои ахбори оммавӣ, фулузгудозӣ, нафту химия , автомобилсозӣ, ҳавопаймо ва киштисозӣ, мошинҳо барои  соҳаи кишоварзӣ, дастгоҳсозӣ, масолеҳи бинокорӣ, корхонаҳои дорусозӣ, озуқа, сохтмони манзил ва гайра шомил карда шуданд. Қайд карда мешавад, ки  ба рӯйхати мазкур дохил кардани корхонаю ширкатҳо  маънои додани  кафолатро дар бобати расонидани кӯмаки молиявӣ надорад. Пешниҳоди тартиб додани  рӯйхати мазкурро раиси ҳукумат   В.Путин ба миён гузошта буд.

Декабрь 26, 2008 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар