ҶАСАДИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИК БА ВАТАН ФИРИСТОДА ШУДАНД

Декабрь 15, 2008 11:10

 Маскав,  15  декабр.(АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). – Ҷасади 2  шаҳрванди тоҷик  —  Камол  Ғафуров ва  Рустам Боймуродзода, ки  10  декабр  дар  натиҷаи  фурӯ  рехтани  бино   дар  маҳаллаи  Староконюшнии  шаҳри  Маскав   ҳалок шуда  буданд, 12 декабр  ба  ватан  фиристода шуд. Дар  ин  бора  ба  мухбири АМИТ «Ховар»  аз  намояндагии  раёсати  муҳоҷирати  ВКД  Тоҷикистон  дар  Русия  хабар  доданд.         Бинои  мазкур  хеле  кӯҳнаю  фарсуда буд ва  онро  мардикорон  тармим   мекарданд.            Дар  натиҷаи  ин  фалокат  4  шаҳрванди  Тоҷикистон ва  ду  шаҳрванди  Русия  ҳалок  шуданд.  Наҷотдиҳандагон  шикастапораҳои  биноро  сари  вақт   тоза  карда  натавонистанд,  бинобар  ин  се  мардикор   дар  зери   шикастапораҳои  бино  монда  буд.  Ҷасадҳои  ду  мардикори  дигари тоҷик  Кароматулло  Маҳмудов  ва  Кароматулло  Нозимов, ки  сокинони  шаҳрҳои Норак ва Ваҳдат  мебошанд,  рӯзҳои  наздик  ба  Тоҷикистон  фиристода  мешаванд. Сабабҳои  рух  додани  ин  фалокатро  прокуратура  тафтиш  мекунад.

Декабрь 15, 2008 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд