ҶАСАДИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИК БА ВАТАН ФИРИСТОДА ШУДАНД

Декабрь 15, 2008 11:05

         Маскав,  15  декабр.(АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). – Ҷасади 2  шаҳрванди тоҷик  —  Камол  Ғафуров ва  Рустам Боймуродзода, ки  10  декабр  дар  натиҷаи  фурӯ  рехтани  бино   дар  маҳаллаи  Староконюшнии  шаҳри  Маскав   ҳалок шуда  буданд, 12 декабр  ба  ватан  фиристода шуд. Дар  ин  бора  ба  мухбири АМИТ «Ховар»  аз  намояндагии  раёсати  муҳоҷирати  ВКД  Тоҷикистон  дар  Русия  хабар  доданд. Бинои  мазкур  хеле  кӯҳнаю  фарсуда буд ва  онро  мардикорон  тармим   мекарданд. Дар  натиҷаи  ин  фалокат  4  шаҳрванди  Тоҷикистон ва  ду  шаҳрванди  Русия  ҳалок  шуданд.  Наҷотдиҳандагон  шикастапораҳои  биноро  сари  вақт   тоза  карда  натавонистанд,  бинобар  ин  се  мардикор   дар  зери   шикастапораҳои  бино  монда  буд.  Ҷасадҳои  ду  мардикори  дигари тоҷик  Кароматулло  Маҳмудов  ва  Кароматулло  Нозимов, ки  сокинони  шаҳрҳои Норак ва Ваҳдат  мебошанд,  рӯзҳои  наздик  ба  Тоҷикистон  фиристода  мешаванд. Сабабҳои  рух  додани  ин  фалокатро  прокуратура  тафтиш  мекунад.

Декабрь 15, 2008 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд