ҶАВОБИ НАМОЯНДАИ МУВАҚҚАТИИ ВАКОЛАТДОРИ РУСИЯ БА ЁДДОШТИ ЭЪТИРОЗИИ ВКХ ҶТ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар ҷавоби расмии намояндаи муваққатии ваколатдори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличный ба ёддошти эътирозии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҷиноятҳои дар қаламрави Русия ба муқобили намояндагони миллати тоҷик содиршуда сабаби қаҳру ғазаби на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми ҷомеаи Русия мегарданд. Дар номаи намояндаи муваққатии ваколатдори Русия таъкид карда мешавад, ки кормандони сафорат аз куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав изҳори ташвиш ва қаҳру ғазаб менамоянд. Сафорати Русия ин ҷинояти ваҳшиёнаро маҳкум карда, ба он ҳамчун амали иғвогаронае баҳо медиҳад, ки ҳадафи он тақвият бахшидани хусумати миллӣ ва расондани халал ба муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Русия ва Тоҷикистон мебошад. В.Светличний зикр мекунад, ки аз фурсат истифода бурда, аз номи ҷомеаи мамлакаташ вобаста ба ин фоҷиаи гӯшношунид изҳори таассуф намуда, ба аҳли оила ва хешу таборони мақтул ҳамдардӣ изҳор мекунад. Қайд карда мешавад, ки тафтиш ва фош кардани ҷиноятҳои вобаста ба хусумати миллӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти муҳофизи қонуни Русия мебошад. Вақеаи куштори шаҳрванди Тоҷикистон С.Азизов таҳти назорати махсуси мақомоти муҳофизи қонуни Русия қарор дорад, менависад В.Светличний. Вай зикр мекунад, ки барои тафтиши ин ҷиноят аз ҷумлаи кормандони варзидаи кумитаи тафтишот, хадамоти ҷустуҷӯи ҷиноят ва раёсати ба карибӣ ташкилёфтаи мубориза ба муқобили ифротгароён, инчунин Хадамоти федералии амният ситоди махсус ташкил карда шуд. Муфаттишон айни ҳол фарзияҳои гуногунро тафтиш мекунанд. Шояд тасодуфӣ набошад, ки ҷинояти мазкур дар маҳалли кушта шудани талабаи 15 – солаи москвагӣ Анна Бешнова содир шудааст. А.Бешноваро 1 октябр дар ҳамин ҷо муҳоҷирони аз Осиёи Марказӣ омада, ба ҳалокат расонда буданд. Ҷараёни тафтиши куштори С.Азизовро намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла, Палатаи ҷамъиятии Русия назорат мекунанд, менависад В.Светличний. Ёдовар мешавем, ки мардикори 20 — солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов 6 декабр дар ҷангалзори наздикии деҳаи Жабкинои ноҳияи Ленини вилояти Маскав аз тарафи шахсони номаълум ба қатл расонда шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба ин воқеа ба намояндаи муваққатии ваколатдори Русия дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супорид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






