ҶОИЗАҲОИ СММ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН СУПОРИДА

Декабрь 11, 2008 15:42

          Вашингтон, 11   декабр. (АМИТ «Ховар» — РБК). –  Дар  маҷлиси  Маҷмаи  кулли  Созмони  Милали  Муттаҳид, ки   бахшида  ба   60 – солагии  қабули  Эъломияи  умумии  ҳуқуқи  инсон  баргузор  гардид,  ҷоизаҳои  олии он   дар  соҳаи  ҳифзи  ҳуқуқи  инсон  супорида шуданд. Вакили  дифои  Президенти  собиқи кушташудаи Ироқ Саддом  Ҳусейн,  Комиссари  собиқи  олии  СММ  дар  масъалаи   ҳуқуқи  инсон  Луиз Арбур,  сарвазири  собиқи  Покистон  Беназир  Бҳутто ва  Созмони  байналхалқии ҳифзи  ҳуқуқи  инсон  дар  симои мудири  иҷроияи  он  Кеннет Рот  барандагони  ҷоизаҳои  мазкур  гардиданд. Дар ин  бора  дар  хабари  расмии  барои  матбуот  дарҷнамудаи   дафтари матбуоти СММ  сухан  меравад. Раиси  Маҷмаи  кулли СММ  Мигел Ҷеското  Броккман  зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигорон  гуфт, ки  мо  60 – солагии  қабули  Эъломияи  умумии ҳуқуқи  башарро  ҷашн  гирифта,   заҳмати  хастагинопазир  ва  саҳми  бузурги одамон  ва  созмонҳоро   қадр  менамоем, ки   барои  эҳтироми  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  мубориза бурдаанд. Созмони  Милали  Муттаҳид  кӯшиш  хоҳад  кард, ки  ҳуқуқу  озодиҳои  дар  эъломия  ифодаёфта  барои  сокинони  тамоми  мамлакатҳо ҷузъи  воқеии  зиндагии онҳо  гардад. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  СММ  Эъломияи  умумии  ҳуқуқи  башарро   10  декабри  соли  1948  қабул  карда буд. Ҷоизаҳои  он  дар  соҳаи  ҳифзи  ҳуқуқи  инсон  бори  аввал  10  декабри соли  1968  ба  муносибати  20 – солагии  қабули  эъломия  супорида шуданд. Ин  ҷоизаҳо  ҳар  панҷ  сол  як  маротиба   супорида  мешаванд.

Декабрь 11, 2008 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид