ҶУМҲУРӢ АЗ СОХТА ШУДАНИ РОҲИ ДУШАНБЕ-ХУҶАНД-ЧАНОҚ ФОИДА МЕБИНАД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ Қодир Саидов дар ҷавоби саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба истифодаи самараноки маблағи лоиҳа иброз дошт, ки бо сохта ба истифода додани роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷумҳурӣ чандин маротиба зиёд фоида ба даст оварда метавонад. Маблағи умумии лоиҳа 295, 9 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 281,1 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии мардумии Чин ва 14,8 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То охири моҳи октябр дар сохтмони ин роҳ беш аз 250 млн. доллар масраф гардидааст, ки 237 милллиони он қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 14, 2 млн. саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






