ҶУВОРИМАККАИ НАВЪИ «ЗОҲИР»-РО БАРОИ КИШТИ ТАКРОРӢ ТАВСИЯ МЕКУНАНД

Декабрь 4, 2008 08:25

        Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода, дар филиали суғдии Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ навъи нави ҷуворимаккаи «Дилшод» ва дар Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ навъи ҷуворимаккаи «Зоҳир» офарида шудаанд.         Ҷуворимаккаи навъи «Дилшод» аз соли 1999 ва «Зоҳир» аз соли 2007 ба санҷиши давлатӣ супорида шудаанд. «Зоҳир» нисбат ба навъи «Дилшод» 10-15 рӯз пештар мерасад ва барои кишти такрорӣ мувофиқ аст. Давраи нашъунамои ҷуворимаккаи навъи «Зоҳир» 98 рӯзро дар бар мегирад. Дар давоми се соли аввали кишт ҳосилнокии он 79,9-сентнериро дар як гектар ташкил медиҳад.

Декабрь 4, 2008 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид