18 ШАҲОДАТНОМАИ ТРЕНЕРИИ СОҲАИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-19-уми декабри соли ҷорӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бори нахуст ба 18 корманди соҳаи иҷтимоӣ Шаҳодатномаи тренерӣ супурд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди касбу корҳои иҷтимоӣ» бо дастгирии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва ташкилоти «Эври Чайдл» барои кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», муассисаҳои кӯдаконаи статсионарӣ, шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе дар давоми моҳи июн — декабри соли 2008 тренингҳои иҷтимоӣ гузаронида шуд. Мақсад аз ташкил намудани тренингҳо шарафёб гаштан ба донишҳои ҳамаҷиҳата, дарки моҳияти корҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин, густариши малака ва усулҳои зарурӣ буд. Тавассути чунин тренингҳо 18 тренер омода гардид, ки минбаъд вазорат онҳоро барои гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ дар семинарҳои муассисаҳои тобеъ истифода хоҳад бурд.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






