200 НАФАР ДОНИШҶӮИ ДАРСГУРЕЗРО АЗ ДОНИШГОҲ ХОРИҶ КАРДАНД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмин намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар навоҳии Рашту Тоҷикобод, Ҷиргатолу Тавилдара ва ноҳияи Нуробод, дар ноҳияи Рашт филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ таъсис дода шудааст. Ҳоло дар бахши рӯзонаю ғоибонаи ду факултаи он қариб 700 нафар донишҷӯ таҳсил карда истодаанд. Ба гуфтаи ректори донишгоҳ И. Исроилов, кор дар донишгоҳ аз тартибу низом оғоз ёфт. 200 нафар донишҷӯи дарсгурезу қафомонда аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд. Кори ободонӣ ва таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо давом дода шуд. 40 нафар донишҷӯ бо хобгоҳ таъмин гардиданд. Оянда ҳам барои бо хобгоҳ таъмин шудани донишҷӯён маблағҳо пешбинӣ мешавад. «Донишгоҳ нав ки ҳаст, камбудӣ ҳам ҳаст. Айни замон муаллимони фанҳои забони модарӣ, забони русӣ, англисӣ ва лотинӣ намерасанд»,- мегӯяд ректор. Ректорати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар давоми 5 сол водии Раштро бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин намояд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






