37 МУАССИСАИ ТИББӢ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД
Моҳи декабри соли ҷорӣ беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Шаҳритус, Восеи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Шаҳристон, Ғончӣ ва шаҳри Табошари вилояти Суғд дорои сертификати умумиҷаҳонӣ оид ба «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» шуданд. Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рўдакӣ ва Ваҳдат, Спитамени вилояти Суғд, Пажўҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ аз сертификатсияи такрорӣ оид ба «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» гузаштанд. Ҳамин тариқ, 37 муассисаи табобатию профилактикии ҷумҳурӣ дорои ин сертификат гардиданд. Дар ин муассисаҳо 53,6 фоизи кўдакони навзод таваллуд меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






