4 МИЛЛИОНУ 900 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ СОХТМОНИ 4 НЕРӮГОҲ

Декабрь 27, 2008 12:20

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмини аҳолии ноҳияи Дарвоз бо барқ Барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба роҳ монда шудааст. Аллакай сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар деҳаҳои Шкев ва Ёгед ба охир расида, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд. Интиқоли барқи 35 кВт-аи Сағирдашт-Қалъаихумб, хатти барқи 10 кВт-аи Қалъаихумб-Нулванд, Қалъаихумб-Пошхарв таъмин гардид.  То соли 2015 сохтмони боз 4 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо арзиши 4 млн. 900 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. Дар деҳаҳои Ширг ва Паткнов, Зиғар ва Курговад сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ то соли 2012 ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати то соли 2012 пурра ба истифода додани ҳамаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва азнавсозии шабакаи барқи обии ноҳия истеҳсоли қувваи барқ дар ноҳии Дарвоз ба 18 млн.кВт мерасад, ки барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳия басанда хоҳад буд.

Декабрь 27, 2008 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад