66 КИЛОГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Декабрь 17, 2008 16:22

               Хоруғ, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Дар оташдони махсуси Раёсати Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Хоруғ 66 килограмм маводи мухаддир ба коми оташ дода шуд. Комиссияи махсус, ки ба он намояндагони сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонон шомил буданд, ин амалро иҷро намуданд.               Тавре дар рафти сӯҳбат бо аъзоёни Комиссия маълум гардид, соҳибони пешинаи маводи мухаддир 8 нафар буда, як қисматашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонанд. Чунончи, аз 49 килограмм банг 10 килограммаш аз маскуни вилояти Ишкошими кишвари Афғонистон Шерон валади Ниёзмамад мусодира гардид. Ба гуфтаи муфаттиши калони Раёсати Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ Ораз Худододов, ҳаҷми маводи мухаддири мусодирагашта сол аз сол меафзояд.               Соли равон танҳо аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон 91 килограмму 933 грамм маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки 84 килограмму 539 граммаш банг, 4 килограмму 455 грамм афюн ва 2 килограмму 909 грамми дигар маводи сахтаъсири героин мебошад.                Умуман, соли равон бо ҳамдастии Кумитаи амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва сарҳадбонон дар вилоят 193 килограмму 77 грамм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ ситонида шуд, ки 14 килограммашро героин ташкил медиҳад.

Декабрь 17, 2008 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид