АҲМАД ДУЙСЕНБОЕВ ШОҲКОРИҲОИ МОРО БА РУСҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАД
Душанбе,1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Қазоқистон китоби «Ашъор ва зиндагии устод Рӯдакӣ» нашр шуд. Ин китоб бо ибтикори ношир ва таблиғгари адабиёти тоҷику форс Аҳмад Дуйсенбоев бо ороиши ҷолибу муқоваи хуб ва воқеан нодир нашр шудааст. Аҳмад Дуйсенбоев тайи се соли охир ду шоҳкории дигари адабиёти тоҷику форсро ба хонандагони русзабон пешкаш кардааст. Аз ҷумла, «Қобуснома», «Синдбоднома» ва «Афсонаҳо»-ро дар як китоб ва дар китоби дигар «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Тӯтинома»-и Зиёвуддини Нахшабиро ба нашр расонидааст. Бояд ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ дар Қазоқистон ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ китоби ашъори Одамушшуаро низ дастраси хонандагон гардида буд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






