АҲОЛИИ ПОЙТАХТ ИДИ СОЛИ НАВРО ОРОМУ ОСУДА МЕГУЗАРОНАД

Декабрь 30, 2008 16:32

          Душанбе,  30  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила Дубинина). – Муовини  сардори Раёсати  корҳои  дохилии  шаҳри  Душанбе Неъматулло  Билолов   зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  иди  Соли  нав  имсол  дар  пойтахти  ҷумҳурӣ  орому  осуда  ва  бе шӯру  ғавғои  зиёдатӣ  таҷлил   карда  мешавад.  Кормандони  милиса  барои  манъи  истифодаи   мушакҳои  тарканда  дар  пойтахт  тадбирҳои  самарабахш  андешиданд.  Дар  натиҷаи  тадбирҳои  андешидашуда чунин   мушакҳои тарканда   ба  қаламрави  ҷумҳурӣ  хеле  кам  ворид  мегардад.          Ба  қавли  ӯ,  кормандони  милиса  то  имрӯз  аз  бозорҳо ва   муассисаҳои  савдо  қариб 4  миллион  дона  мушакҳои  таркандаро  мусодира  карданд. Дар  ин  бобат  дар  ҳамаи  ноҳияҳои  пойтахт комиссияҳои  махсус  ташкил  карда  шуданд. Аъзои  комиссия   дар  байни  аҳолӣ  корҳои  тарғиботиро  пурзӯр  намуданд.           Н.Билолов   афзуд,  онҳое, ки  бар  хилофи  қонун  рафтор  карда,  мушакҳои таркандаро   ба  ҳудуди  мамлакат  ворид  месозанд, ҷазо  дода  мешаванд. Кормандони  милиса   тафтишҳоро  барои  ошкор  намудани  мушакҳои  тарканда  тамоми  рӯзҳои иди Соли  нав  давом  хоҳанд  дод. Фурӯшандагони  мушакҳои  тарканда  ба  маблағи  то  200  маоши  камтарин   ҷарима  андохта  мешаванд. Таъкид  карда  шуд, ки  барои  нигоҳ  доштани  миқдори  зиёди  мушакҳои  тарканда гунаҳкорон то  500  маоши  камтарин  ҷарима  супурда  ё  ба  мӯҳлати  2  сол  аз  озодӣ  маҳрум  карда  мешаванд.

Декабрь 30, 2008 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад