АФҒОНИСТОН ТОҶИКИ ГУМОНБАРШУДАРО БА ТОҶИКИСТОН МЕДИҲАД
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафари расмии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ба Афғонистон як қатор масъалаҳо, аз қабили мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи нашъадор, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, вазъи сарҳади давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон, масъалаи интиқол додани ашхосе, ки барои содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, баррасӣ гардид. Ин ашхос дар содир кардани амалҳои террористӣ, узвият дар созмонҳои террористӣ — экстремистии «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон», «Ал-қоида», «Ҳизби таҳрир», нашъаҷаллобӣ ва куштор гунаҳгор дониста шудаанд. Роҳбарияти мақомоти махсуси Афғонистон омодагии пурраи хешро доир ба баррасӣ ва ҳалли мусбати масъалаи мазкур қайд намуда, изҳор доштанд, ки дар қаламрави Афғонистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов Анварҷон Ашӯрбоевич дастгир карда шудааст ва онҳо тайёранд бо назардошти дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Қаюмов Анварҷон Ашӯрбоевич (соли таваллудаш 1967) зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара буда, ҳамчун сардори гурӯҳи ҷинояткори Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон (Туркистон) дар ноҳияи Исфара барои содир кардани силсилаи ҷиноятҳои вазнин гумонбар дониста мешавад.Дар ҷараёни вохӯрии роҳбарияти мақомоти махсуси Тоҷикистону Афғонистон қарор дода шуд, ки шаҳрванд Қаюмов Анварҷон Ашӯрбоевич рӯзи 27-уми декабри соли равон ба ихтиёри мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон супорида мешавад. Бояд зикр намуд, ки нисбати ӯ бо гумони сӯиқасд ба ҷони кормандони милиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Сарфи назар аз мавҷуд набудани асосҳои ҳуқуқӣ-мурофиавӣ дар давоми солҳои 2005-2007, бо ташаббуси мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон чандин нафар шахсони ба содир кардани ҷиноятҳо гумонбар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Бо мувофиқаи тарафҳо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати боз якчанд нафари дигарро, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар мебошанд, ба мақомоти амнияти Афғонистон супурд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






